- раг
- [رگ]1. маҷрои лӯлашакле дар аъзои бадан, ки дар он хун ва лимфа ҷорист: рагу пай; раги чизе одате, хислате ба ҳаракат омадан ва таҳрик шудани яке аз хислатҳои табии инсон; аз раги гардан наздиктар дар мавриди хеле наздик будани чизе гуфта мешавад; раги даст кашидан рағбату хоҳиш надоштан (ба иҷрои коре); раг задан хун гирифтан аз раг ба воситаи амали махсус; раги касеро ёфтан аз нуқтаи заъфи касе пай бурдан, нуқтаи таъсирбахш ба чизеро ёфтан; ба рагу пайи касе нохун задан касеро ба ҳаяҷон овардан2. маҷ. аслу насаб: рагу реша3. маҷ. ғайрат, таассуб, нуқтаи заифи касе: раги хоб
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.